МУЛОҚОТ ДАР ШАҲРИ ПЕНЗАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Главная \ МУЛОҚОТ ДАР ШАҲРИ ПЕНЗАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
← Предыдущая Следующая →

Бо даъват ва мусоидати роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии миллии тоҷикони вилояти Пенза Шеров Олимҷон Рустамович масъулини Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии миллии шаҳри Пенза ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Пенза вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаи пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуби иртиҷоӣ, гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои даҳшатафкан, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону донишҷӯён баррасӣ гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки аз имкониятҳои фароҳамовардашуда истифода намуда, донишҳои муоссирро аз худ карда ва ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба Ватан баргашта, ба манфиати давлату миллат хизмат намоед.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ масъулин оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, муаррифии шоистаи арзишҳои милливу таърихии миллати тоҷик дар хориҷи кишварро муҳокима намуданд.
Зикр гардид, ки аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии миллии шаҳри Пенза дар баргузории чорабиниҳои мухталиф, ки аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои кишвари иқомат ва Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон ташкил карда мешаванд, фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ таъсиси гуруҳҳои корӣ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии миллии тоҷикони шаҳри Пенза оид ба ҷавонон, варзиш, маориф ва фарҳанг, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва масъалаҳои ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳкоима қарор дода шуд.