Мулоқот дар шаҳри Самараи Федератсияи Россия
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таквият бахшидани корҳои иттилоотӣ, ҷиҳати тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ҳамчунин вохӯриҳои судмандро бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонан, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.
Вобаста ба ҳодисаи санаи 16 августи соли 2023 дар шаҳри Самара ба вақуъ омада, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консулгарии генералӣ дар шаҳри Уфа, намояндагиҳои вазоратҳои меҳнат ва корҳои дохилӣ, Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ва Ташкилоти чамъятии минтақавии миллию автономии тоҷикони вилояти Самара таъсис дода шуд.
Гурӯҳи корӣ дар доираи сафар 23 октябри соли 2023 дар маркази тиҷоратии 3-и шаҳри Самара ва ширкати Озони шаҳри Чапаеви вилояти Самара бо доираи васеи муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Ҳадаф аз баргузории мулоқотҳои мазкур, ин муноқишаҳои рӯзҳои охир дар шаҳри Самара ба вуқӯъ омада, пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, муноқишаҳои байни муҳоҷирон, барасмиятдарории будубош ва дар заминаи иҷозатномаи фаъолияти корӣ дар кишвари иқомат фаъолияти меҳнатӣ намудан мебошад.
Зимни мулоқот масъалаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат, барасмиятдарории шахсони ғайриқонунӣ иқоматдошта, тартиби барасмиятдарории будубош ва дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Зикр гардид, ки дар кишвари будубош тартиби иқомат ва барасмиятдарории будубошро ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ бояд риоя намоянд.
Таъкид карда шуд, ки тибқи муқаррароти қонунгузории кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ шаҳрвандоне, ки дар муноқишаҳои гуруҳӣ иштирок менамоянд ва ё ба таври гурӯҳи тартиботи ҷамъиятиро риоя намекунанд, аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатии Федератсияи Россия нисбати онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, вуруди онҳо ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба Федератсияи Россия манъ карда мешавад.