МУЛОҚОТИ КОНСУЛИ ГЕНЕРАЛӢ БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК 

Главная \ МУЛОҚОТИ КОНСУЛИ ГЕНЕРАЛӢ БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК 
← Предыдущая Следующая →

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин дар чаҳорчӯби сафари корӣ дар шаҳри Хабаровск  рӯзи 14 майи соли 2024 бо муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар бозори яклухт ва чаканаи ҶДММ «Алконост» ва ҶДММ «Недвижимость» фаъолият мекунанд, баргузор гардид.


Зимни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои марбут ба шароити будубош, ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба Федератсияи Россия табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода шуд, то қонунҳои кишвари иқоматро риоя карда аз нақзи меъёрҳои ҳуқуқӣ худдорӣ намоянд.

Инчунин, дар доираи сафар ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хабаровск кору зиндагӣ мекунанд, хизматрасонии консулӣ расонида шуд.