МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАИ КУМИТАИ ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН

Главная \ МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАИ КУМИТАИ ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ШАҲРИ ҚАЗОН
← Предыдущая Следующая →

Дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия мулоқоти намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Раҷабалӣ бо ҷавонону варзишгарони муқими шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур раиси Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон Сабриддин Тоиров, муовини раиси ташкилот Миралӣ Ҷонбеков ва дигар шахсони масъули ҷамъият иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суҳбат тақвияти фаъолият дар самтҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ , инчунин нигоҳ доштани урфу анъанаҳои миллӣ ва ташкилу бароҳ мондани чорабиниҳо дар кишвари иқомат мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар фарҷом раиси ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон аз дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тоҷикони муқимӣ, махсусан ҷавонон ибрози ташаккурӣ намуданд.