Мулоқоти Сафир бо ҳамватанони бурунмарзӣ  дар шаҳри Калининград

Главная \ Мулоқоти Сафир бо ҳамватанони бурунмарзӣ  дар шаҳри Калининград
← Предыдущая Следующая →

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ дар доираи сафари корӣ ба вилояти  Калинингради Федератсияи Россия  бо донишҷӯён аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамватанон ва фаъолони диаспораи тоҷикони муқими вилояти Калининград мулоқот намуд.

Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, аз  ҷумла аз ҷониби СММ эълон шудани  соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маълумот дод.

Ҳамзамон, доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли як қатор масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо андешидашуда маълумот дода шуд.

Дар баробари ин, аҳаммияти тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо миёни  роҳбарони ташкилоту ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомилият дар созмонҳои экстремистӣ ва риояи қонунҳои кишвари иқомат  таъкид карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамватанон суолу дархостҳои гуногун пешниҳод карда, аз ҷумла перомуни масъалаи  ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои консулӣ  посух гирифтанд.

Дар доираи сафари корӣ, Сафири Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба пояи муҷассамаи «Мемориальный ансамбль 1200 воинам 11 Гвардейской армии, погибшим при штурме города и крепости Кёнигсбегр в апреле 1945 г.» гулчанбар гузошт.