Мулоқоти Зафар Сайидзода бо фаъолони диаспораи муқими минтақаи Урал
1 августи соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, сарояндаи маҳбуби тоҷик Маҳмадалӣ Умаров, сармураббии тими футболбозони ҷавони вилояти Челябински Федератсияи Россия Бахтиёр Давлатов ва фарзандаш Ҳусейн Давлатов, ки узви тими футболбозони ҷавони вилояти Челябински Федератсияи Россия ва тими мунтахаби футболбозони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбат оид ба масъалаҳои марбут ба пешбурди кори фаҳмондадиҳию тарбиявӣ аз ҷониби аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва фаъолони дигари диаспораи уралии тоҷик дар миёни ҳамватанони ҷавони дар қаламрави Россия қарордошта дар рӯҳияи ватандӯстӣ, давлатмеҳварӣ, худшиносии миллӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу суннатҳои мардуми бумии Россия, муқовиматнамоӣ ба зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла дар шакли мазҳабию сиёсии онҳо, мубодилаи афкору пешниҳодот сурат гирифт.
Дипломати тоҷик сарояндаи маҳбуби тоҷик Маҳмадалӣ Умаров ва футболбози ҷавони моҳири россиягию тоҷикистонӣ Ҳусейн Давлатовро барои фаъолияти босамари ҷамъиятӣ ва мусоидат ба боло бурдани обрӯйи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави паҳновари Россия бо ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадру сарфароз гардонд.