Муроҷиатномаи аъзоёни  Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Главная \ Муроҷиатномаи аъзоёни  Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
← Предыдущая Следующая →

Мо, ҳамватанони бурунмарзӣ, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати чанд сол пеш таъсис додани  Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”- и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва акнун роҳандозӣ шудани барномаи ҷолиби консертӣ аз ҷониби Оркестри мазкур дар Федератсияи Россия баён намуда, изҳор менамоем, ки барномаи фарҳангии номбурда дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҳамватанони бурунмарзӣ туҳфаи арзишманд  гардида, моро ба сайри Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол бурд.

Мо тӯли чанд соат аз садову наво, шеъру тарона ва аз рақсҳои ҷаззобу дилнишини санъаткорони тоҷик баҳравар гардида, аз олами маънавӣ, афкори созанда, санъати волои ҳунармандони шоистаи ҷумҳурӣ бархӯрдор шуда, соате аз дуриҳои дур худро дар Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳсос намудем.

Мо, ҳамватанони бурунмарзӣ дарк намудем, ки муҳимтарин вазифаи муқаддаси мо дар хориҷи кишвар ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ буда,  тарғибу ташвиқи арзишҳои муҳими давлатдорӣ, гиромидошти мероси гаронбаҳои миллат, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат мебошад.

Мо, ҳамватанони бурунмарзӣ изҳор менамоем, ки аз сиёсати оқилона ва сулҳҷӯёнаи Шумо, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, дар рушди соҳаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии мамлакатамон саҳмгузорӣ мекунем.

Мо дар хориҷи кишвар бар зидди душманону хоинони миллат, ки доғе ба номи  миллат ниҳодан мехоҳанд,  мубориза бурда, имкон намедиҳем, ки насли ҷавонро гумроҳу дар мақсадҳои нопоки худ истифода намоянд. Насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуда, бо таърихи пурпечутоби кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ошно менамоем.

Мо шоҳиди онем, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи Шумо муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ба сатҳи шарикии стратегӣ расида, барои шаҳрвандони мо дар  Федератсияи Россия шароити хуби корӣ ва имкониятҳои фарох фароҳам оварда шуда, тоҷикон дар Федератсияи Россия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, маданиву фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ кору фаъолият намуда истодаанд.

Дар баробари ин, мехостем, миннатдории худро ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия барои мусоидат, дастгирӣ ва ҳамкории пайваста бо ҳамватанони бурунмарзӣ баён намоем, ки ин ҳама аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Шумо шаҳодат медиҳад.

Мо, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикони муқими Федератсияи Россия ба  Шумо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  миннатдории самимии худро баён намуда, дар ин рӯзи нек мелоди умратонро аз таҳти дил таҳният мегӯем ва бароятон  саломативу сарбаландии ҷовидонаро таманно менамоем.

 

Бо эҳтиром, аъзоёни  Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия