Нақшаи сафар ба Федератсияи Россия

Главная \ Нақшаи сафар ба Федератсияи Россия
← Предыдущая Следующая →

Шумо бояд муҳлат ва мақсади сафаратонро муайян намоед: таҳсил, фаъолияти корӣ, ба мақсади шахсӣ. Зеро аз мақсади сафар  ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати будубоши қонунӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия вобастагӣ дорад.

Барои шиносоӣ бо тартиби гирифтани патент, Шумо метавонед ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед ва ё аз сомонаи расмии Хадамоти муҳоҷират (www.migration.tj ) истифода баред.

Агар Шумо қаблан ба Федератсияи Россия сафар карда бошед, боварӣ ҳосил намоед, ки дар Федератсияи Россия ба қонунвайронкунӣ роҳ надодаед: муҳлати будубошро вайрон накардаед, аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода набурдаед.

Барои дастрас намудани маълумот оид ба манъ будани воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа (бешаҳрвандӣ) ба Федератсияи Россия, метавонед аз сомонаи расмии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (www.fms.gov.ru) истифода баред. Яъне барои санҷидани мавҷудияти асос ҷиҳати надодани иҷозат ба мақсади воридшавӣ ба ҳудуди Федератсияи Россия ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа тариқи Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва ё ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоед. Дар ниҳодҳои мазкур махзани маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ карда шудааст, мавҷуд аст.

Ҳангоми ба фурудгоҳ ва ё истгоҳи роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан, пур кардани варақаи муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақсади баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандон зарур аст. Варақаи мазкур пур карда шуда, пеш аз сафар ба намояндаи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.