Нақши занон дар рушд ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ
Маърӯза аз мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши занон дар тарбия ва ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон дар замони муосир”, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 21 октябри соли 2023, шаҳри Москва
Гар намешуд дасти зан, ҳусни замин пайдо набуд,
З-ин сабаб гӯем занро маҳфилорои замин.
Мирзо Турсунзода
Муҳтарам садри зиё, меҳмонони азиз, иштирокчиёни мизи мудаввар. Имрӯз сухан дар бораи ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон меравад, ки ин масъала бе иштироки Модар – зан ҳеҷ замон ҳалли худро наёфтааст. Вақте ки кӯдак таваллуд мешавад, ў аввал бо забони модариаш суруди “Алла”-и Модарро мешунавад, ки бо як ҷаҳон орзую умедҳо суруда мешавад.
Мову Шумо шоҳиди он ҳастем, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ, як қисмати бузурги муроҷиати худро ба занон равона месозанд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мо занону бонувони тоҷик мебошад. Бо қайд намудани иштироки фаъолонаи занони тоҷик дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодии кишвар ба дӯши мо, занони фаъоли ҷомеа масъулияти дучандро вогузор менамоянд. Албатта мо кӯшиш дорем, ки сазовори ин боварӣ бошем.
Оила метавонад фарзанди худро чун шахсият ба воя расонад. Шахсият – одами дорои худшиносӣ ва ҷаҳонбинӣ аст. Расидан ба фардият, шахсият ва инсоният зинаҳои асосии шаклгирӣ ва нишонаҳои асосии худшиносӣ ва худогоҳии фардӣ маҳсуб меёбанд. Меъёр ва сифатҳои асосии худшиносии фардӣ, ин маданияту маърифат, маънавиёт, муошират, амали солеҳ ва кору рафтори инсонгароёна мебошанд. Аз худшиносии фардӣ, худшиносии миллӣ маншаъ мегирад. Худшиносии миллӣ падидаест, ки инъикоскунандаи хусусиятҳои рӯҳиву равонии аҳли ҷомеа, дараҷаи шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат, шуури таърихӣ ва шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ аст.
Ҳар як миллат таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва расму оини худро дорад ва дар заминаи он инкишоф меёбад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахс он аст, ки дар шинохти миллати худ оҷиз набошад, аз шебу фарози роҳи таърихии тайкардаи ӯ комилан огоҳ бошад, миллати худро ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ ва ҳам аз ҷиҳати ботинӣ шиносад. Ҷамъияте, ки афроди он ба худшиносии воқеии фардӣ мерасанд, бегуфтугӯ ба худшиносии миллӣ мерасад.
Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, мавлуди ходимони давлатӣ, адибон, аҳли зиё дар гиромидошти арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ташаккули ҳофизаи таърихӣ нақш ва мавқеи муҳим дошта, то кунун дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ, хотирмону ҷолиб ва пурсамар ҷашн гирифта шудани силсилаи ҷашнвораҳои бузургони миллату фарҳанги тоҷик, монанди 1165-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки имсол дар Тоҷикистон ва берун аз он ботантана қайд мегардад, шаҳодат медиҳад. Гиромидошти Абулқосим Фирдавсӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, эълон шудани Соли Имоми Аъзам, таҷлили бузургдошти осори мондагори ниёгон, мисли ҷашнвораҳои Авасто, «Шоҳнома», дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола эълон шудани Рӯзҳои Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва амсоли ин иқдомҳои наҷиб аз сиёсати маънавибунёди Сарвари давлатамон сарчашма ва илҳом мегиранд.
Шукргузор ҳастем, ки имрӯз моро дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо забони тоҷикӣ шинохтанд. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида мо, соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони худро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамаруза саҳмгузор бошем. Вазифаи ҳар як оилаи тоҷик ва тоҷикзабон пеш аз ҳама ба забони модарӣ арҷ гузоштан аст.
Забони модарӣ. Чӣ хел ибораи аҷибу фараҳбахш аст. Барои он забони модарӣ меномем, ки модари азизамон меҳри онро бо қатраҳои шири сафеди ҷонбахшаш ба ҷисму ҷони мо равон кардааст. Аз ин рӯ онро поку муқаддас мешуморем.
Ин буд, ки 5 октябри соли 2009, таҳти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид. Мувофиқи моддаи 3, банди 2-и ин Қонун «Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад». Ҳамасола 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ дар тамоми чумҳурӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҷашнгирии Рӯзи забони давлатӣ барои азхудкунӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ такони ҷиддие медиҳад.
Инчунин ҳар миллату халқият дорои либосҳои миллӣ буда, ба фарҳанги волои ниёгони хеш арҷ мегузорад. Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, бозгӯ аз завқи зебоипарастии мардуми тоҷик аст. Доир ба ин ва бо мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод карда шудааст. Дастурамали мазкур хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ ба бар намудани либоси миллӣ миёни занону духтарони тоҷик, ки дар Федератсия Россия иқомат доранд, ба хотири имрӯзу фардои миллат муҳим ва масъулият аст. Ғанӣ будани фарҳанги тоҷик аз ҷониби мо муаррифӣ мегардад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳуввияти миллӣ ва тоҷикияти худро бояд ҳифз намоем. Худшиносӣ эҳсоси масъулияти инсонӣ ва виҷдонии шахс дар роҳи беҳдошти асолати миллӣ, дӯст доштани миллат ва Ватани худ, пос доштани шараф ва номус мебошад.
Баромади худро бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом мерасонам: “То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираи таърихӣ, ифтихор ва мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме ки ҳар як кадоми мо манфиати миллатро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме ки хидмат ба ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем”.
Сайёра Ашрапова – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги Давлатҳои Иттиҳоди Мустақил ва хориҷаи наздик, Директори Маркази забон ва фарҳанги тоҷик дар Донишгоҳи давлатии лингвистии Москваи Федератсияи Россия