Намоиши расму оинҳои мардумӣ дар Видное

Главная \ Намоиши расму оинҳои мардумӣ дар Видное
← Предыдущая Следующая →

Бахшида ба Рӯзи ягонагии миллатҳо дар шаҳри Видное вилояти Москва ҳамоиши калони фарҳангӣ бо иштироки халқҳои гуногуни Федератсияи Россия таҳти унвони “Дар зери аломати сулҳ, дустӣ ва некӣ!” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Видное Квасникова Татьяна Юревна, роҳбари Шӯрои думаи минтақаи шаҳрии Ленин Станислав Николаевич Радченко, намояндагони мақомотҳои давлативу ҷамъиятӣ, шаҳрвандони муқимӣ ва Котиби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Боев Саид Муллоевич, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони шаҳри Москва Раҳимов Раҷабалӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур намоиши сару либосҳои миллӣ, таомҳои мардумӣ, урфу одатҳои халқҳои Россия ва барномаи рангини фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд, ки Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Москва ба таври фаъолона иштирок варзида, гӯшаи тоҷикони Россияро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.

          Дар чорабинии мунтантани фарҳангӣ аз ҷониби аҳли санъати тоҷик суруду рақсҳои ҷазобу дилнишин, ҳамчунин якка аз ҷониби аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилвохчиева Джилва Карамхудоеавна ба намоиш гузошта шуда, мақбули сокинону меҳмонони чорабинии мазкур гардиданд.