Паём роҳнамои мо дар фаъолият ва зиндагӣ
Паёми Пешвои ғамхору дилсӯзи миллат ба тамоми ҳамватанони азиз муборак бошад.
Тавре тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ шоҳид гаштем, Пайёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҳамчун пайки шодӣ ва навиди хушбахтиву хушҳолӣ дар дилу дидаи ҳар муҳоҷири меҳнатӣ ҷову макони худро пайдо намуд.
Ҷаноби Олӣ зимни ироаи Паём маҳз дар бораи ҳаёту зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ, эҳтиром гузоштан ба бузургии модар, дастгириву ғамхорӣ ба ятимону бенавоён, мактабу маориф ёдовар шудаанд, ки он аз ғамхориву меҳрубони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Ин ҳама ғамхороҳои Пешвои миллат моро водор месозад, ки дар баробари муҳоҷир будан ҳар лаҳза ба ёди Ватани аҷдодии худ бошем ва онро беш аз пеш дӯстдорему дар ободии ҳар гӯшаву канораш талош номоем.
Хушхабари дигар аз Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат он аст, ки аз санаи 1-уми июли соли 2024 музди маоши кормандон 40 фоиз боло бурда шуд, ки ин иқдоми наҷиб ва дилсӯзию хирадмандӣ ва маорифпарварона ва падаронаи роҳбари давлатро нишон медиҳад.
Мо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар чанд дур аз Ватан бошем ҳам, аммо ҳар як сухани падаронаю ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки ҳар нафаси худро бо ёди Ватани маҳбубамон гузаронем ва бо иродаи қавӣ, донишу малака ва касбу ҳунари асили хеш ба Тоҷикистони биҳиштосоямон содиқ бошему фидоии Ватани аҷдодии худ бошем.
Муовини раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Ульяновски Федератсияи Руссия Каримов Камолиддин Шарофович