Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тасдиқ гардид
Дар асоси қарори Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз 28 январи соли 2023, рамзи Шӯрои ҷамъиятӣ таҳия ва қабул гардид.
Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия даврашакл буда, гирди рамз аз ҳафт даври рангоранг иборат мебошад, ки дар дохили он аз ду тараф хӯшаҳои гандум, тоҷ, кӯҳҳои сарсабз, дурахши хуршед ва лавҳу китоб ҷой дода шудаанд ва давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷикро таҷассум мекунанд.
Дар қисмати поёни рамзи Шӯро парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷой дода шудаанд, ки аз муносибатҳои муштараки стратегӣ ва дӯстиву бародарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия шаҳодат медиҳанд.
Парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамчунин бозгуи муносибатҳои таърихию ҳамҷаворӣ, дӯстию бародарии халқҳои русу тоҷик, инчунин муносибатҳои боэътимод дар соҳаҳои илму фарҳанг, иқтисодию иҷтимоӣ ва варзиширо бозгу менамояд.
Минбаъд дар баргузории чорабиниҳои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ва чорабиниҳое, ки дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор карда мешаванд, рамзи мазкур истифода мегардад.