РАСИДАНИ КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ БАРОИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

Главная \ КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ БАРОИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД
← Предыдущая Следующая →

Дар шаҳри Москва маросими супоридани таҷҳизот ва кӯмаки моддӣ барои ташхисгоҳи Муассисаи давлатии кӯмаки аввалияи тиббии санитарии шаҳри Бӯстон ва Маркази беморихои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни Котибот ва Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар маросими мазкур роҳбари Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ Боев Саид Муллоевич, муовини роҳбари Котибот Ҳоким Муҳаббатов, роҳбари Кумитаи кор бо занони Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азимова Дилором Ортиқовна, роҳбари Клуби дугонаҳо Ҳакимова Зулфия ва аъзоёни Кумитаи занони Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Маросими супоридани кӯмакҳои моддӣ  ба таври маҷозӣ баргузор гардида,  роҳбарияти ташхисгоҳи Муассисаи давлатии кӯмаки аввалияи тиббии санитарии шаҳри Бӯстон ва Маркази беморихои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд барои чунин иқдоми хайрхоҳона ба ҳамватанони бурунмарзӣ изҳори сипосу ташаккурӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби занону бонувони хайрхоҳи миллати тоҷик дар қаламрави Федератсияи Россия бо мақсади дастгирии ҳамватанон ба шахсони имконияташон маҳдуд, оилаҳои камбизоат, ҷавондухтарони таҳсилкунанда дар мактабҳои олӣ дар арафаи идҳои милливу давлатӣ ба ҳукми анъана даромада, пайваста ба ин қишри ҷомеа кӯмак мерасонанд.

Бастаи кӯмакҳои моддӣ аз дучархаҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд, дучархаҳо барои беморони вазнин, дучархаҳо барои ташноб ва шустушуи бадан, нармҷойгоҳои тиббӣ, асо барои пиронсолон, асо барои шахсони ҷароҳатбардоштаи пойҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ барои беморон иборат мебошанд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин тавассути нақлиёт  ирсол карда мешаванд.