РӮНАМОИ СОМОНАИ РАСМИИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИИ НАЗДИ САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз 16 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва ва 19 декабри соли 2019 дар шаҳри Санкт – Петербург доштанд, бо дастгирии Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва мусоидати ҳамватанони бурунмарзӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони Федератсияи Россия таҳия ва мавриди корбарӣ қарор дода шудааст.
Сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон роҳнамои мувофиқе барои ҳар шаҳрванди кишвар дар қаламрави Федератсияи Россия буда, дар айни ҳол сомона бо забони тоҷикӣ фаъол гардида, дар кутоҳтарин муҳлат бахши забони русии он мавриди корбарӣ низ қарор дода мешавад.
Дар сомонаи мазкур маълумотҳо оид ба ҳаёту фаъолияти ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёну соҳибкорон нашр карда шуда, тавсияву машваратҳои ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои муҳими шаҳрвандони кишвар дар Федератсияи Россия таҳия карда мешаванд.
Сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун платформаи иттилоотрасонӣ миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқгардонӣ ва муаррифии фарҳангу таърихи халқи тоҷик дар қаламрави кишвари иқомат, тарбия намудани насли ҷавон дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ, муаррифии дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар, тарғиби мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ва барои таҳким бахшидани муносибатҳои бародарӣ ва шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро хабару гузоришҳо ва маводҳои таҳлиливу илмиро инъикос менамояд.
Инчунин, дар сомонаи мазкур пайваста маълумотҳо вобаста ба ҷойҳои кории холӣ дар қаламрави Федератсияи Россия нашр карда шуда, дар корхонаҳои мазкур шаҳрвандони кишвар метавонанд расман фаъолияти меҳнатӣ намоянд. Ҳамзамон, шаҳрвандон барои ба доми фиреби миёнаравҳо дода нашудан, метавонанд чиптаҳои ҳавоиро аз сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятӣ дастрас намоянд.