РӮЗИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН ДАР КИШВАРИ ХАБАРОВСК
Дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Россия бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур Рӯзи фарҳангии тоҷикон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Хабаровск Қурбонализода Зафар, роҳбари ҷамияти тоҷикони шаҳри Нюнгери Саха -Якутия Паҳлавонова Садбарг Мирзоевна, ҳамватанони муқимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои кишвари Хабаровск, фаъолону ҷавонон, меҳмонон аз мақомотҳои кишвари иқомат иштирок ва вобаста ба арзишҳои фарҳангӣ, фарҳанг ҳамчун омили муттаҳидӣ ва василаи густариши муносибатҳои халқҳо, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва бародарии ду халқи бузург тоҷику рус суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ намоиши расму оинҳои миллии мардумӣ аз ҷониби тоҷикони ин минтақаи дурдаст ба намоиш гузошта шуда, ба меҳмонон аҳамияти расму оинҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик ва хусусиятҳои фарқкунандаи он иттилоъ шуд.
Дар баробари ин, барои меҳмонон намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ, ки маҳсули занону бонувони тоҷик дар минтақаи мазкур ба ҳисоб мераванд ба намоиш гузошта шуда, таъкид карда шуд, ки занону бонувони тоҷик барои тарғиби арзишҳои милливу маданӣ ҳамеша дар чорабиниҳои муҳими ҷамъиятиву давлатии кишвари Хабаровск бо намоиши маҳсули дастранҷи худ иштироки фаъолона менамоянд.
Инчунин, намоиши хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон ва иштирокчиёни барномаи фарҳангӣ аз тарзи омода намудани хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ошно гардиданд.
Чорабинии мазкур бо намоиши барномаи рангини фарҳангӣ анҷом ёфта, дар он рақсу суруду тарона ва навозиши асбобҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шуда буд.