Рӯзи фарҳангии тоҷикон дар Ковров баргузор гардид

Главная \ Рӯзи фарҳангии тоҷикон дар Ковров баргузор гардид
← Предыдущая Следующая →

Дар шаҳри Коврови вилояти Владимири Федератсияи Россия “Рӯзҳои фарҳанги тоҷик” баргузор гардид, ки дар он Котиби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бо мақсади муаррифии фарҳангу миллати тоҷик дар ин минтақа намоиши анъанаҳои миллӣ, сару либосҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ бо фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои мардумии халқи тоҷик аз наздик ошно гардиданд.

Дар доираи чорабинии мазкур вохӯрӣ бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, роҳбари “Хонаи миллатҳо” ва роҳбари Кумита оид ба масъалаҳои фарҳангии миллатҳои шаҳри Ковров роҳандозӣ гардида, масъалаи баргузории чорабиниҳои муштарак муҳокима карда шуд.

Дар чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби ҳамватанони муқими шаҳри Ковров рақси миллии тоҷикӣ, суруду таронаҳо ва навозиши асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуд.

Пас аз чорабинии фарҳангӣ Котиби Шӯро ва кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо ҳамватанони муқимӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуда, оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароии динӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби арзишҳои милливу давлатдорӣ, гиромӣ доштани забон, фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллати тоҷик дар хориҷи кишвар, муаррифи чеҳраҳои маъруфи миллат, нишон додани симои мусби халқи тоҷик дар миёни сокинони муқимӣ вохӯрии судманд намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳамватанон оид ба масъалаҳои будубош дар кишвари иқомат, тағийротҳо дар қонунгузорӣ дар самти муҳоҷират ва дигар масъалаҳои рӯзмара саволҳо дода, аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас дода шуд.