РӮЗИ ҒАБАЛА БА ФАШИЗМИ ГИТЛЕРӢ МУБОРАК БОШАД!!

Главная \ РӮЗИ ҒАБАЛА БА ФАШИЗМИ ГИТЛЕРӢ МУБОРАК БОШАД!!
← Предыдущая Следующая →

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон, ҳамватанони муқимии кишвари иқомат, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёнро ба муносибати 79-умин  солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба зидди фашизм  самимона табрик менамояд.

 Шоистаи зикр аст, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тоҷикон дар қатори дигар шаҳрвандони Иттиҳоди Шуравӣ бо далериву шуҷоатмандӣ, тавонмандиву матонат ба зидди фашизм мубориза бурда, барои пирӯзӣ корнамоиҳои шоистаеро нишон дода, бо баландтарин рутбаҳои ҳарбии Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардидаанд.

Дар мубориза бар фашизм аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор нафар сафарбар гардида, ки ин шумора 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати ҷумҳуриро ташкил дода, “беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардида, даҳҳо ҳазори дигар беному нишон шуданд ва аксари онҳое, ки аз ҷанг баргаштанд, маъюб буданд”.

Ёдовар бояд шуд, ки “илова ба фиристодагони Тоҷикистон, ки дар майдони ҷанг ба хотири шикаст додани фашистон ва ҳимояи истиқлолу озодии халқҳо далерона меҷангиданд, калонсолон ва наврасону кӯдакон дар ақибгоҳ бо машаққати зиёд ва бо азоби гуруснагӣ шабу рӯз заҳмат мекашиданд.

Онҳо дар таъмини ҷанговарон бо озуқаворӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми бузург гузоштанд.

Мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки дар он солҳо худашон дар шароити бисёр вазнин қарор доштанд, даҳҳо ҳазор нафар занону кӯдаконро аз ҷумҳуриҳои дар хатти ҷабҳа қарордошта қабул карда, ҳамаи онҳоро бо ғамхорӣ фаро гирифтанд.

Сокинони Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои ҷамъкардаи худ барои таъмин кардани артиш бо силоҳу муҳимот ва техникаи ҷангӣ саҳми арзишманд гузоштанд”.

Ғалаба ба зиди фашизм муборак бошад, ҳамватанони азиз!