РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК

Главная \ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК
← Предыдущая Следующая →

Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Хабаровски Федератсияи Россия ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии техникии Шарқи Дур мизи мудаввар баргузор намуд.

Дар чорабинӣ ҷавонон ва донишҷӯёни фаъол, роҳбарияти донишгоҳ, аъзоёни фаъоли ҷамъият иштирок ва вобаста ба муҳимияти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давраи ташаккулёбии миллати тоҷик ва давлатдории миллии тоҷикон, густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии кишвар, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии ҷавонону наврасон ибрози назар намуданд.

Сардори рёсати муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Порва Олга Вячеславовна иштирокдорон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таҳсилоти донишҷӯёни тоҷикро дар ин донишгоҳи олии Федератсияи Россия хуб арзёбӣ намуда, иштироки фаъолонаи ҷавонони тоҷикро дар чорабиниҳои муҳими донишгоҳӣ ва шаҳрӣ таъкид намуданд.