САБРИДДИН ТОИРОВ БОРИ ДИГАР РОҲБАРИ ТОҶИКОНИ ТОТОРИСТОН ИНТИХОБ ШУД

Главная \ САБРИДДИН ТОИРОВ БОРИ ДИГАР РОҲБАРИ ТОҶИКОНИ ТОТОРИСТОН ИНТИХОБ ШУД
← Предыдущая Следующая →

 Имрӯз дар Хонаи дӯстии халқҳои Ҷумҳурии Тотористон ҷаласаи ҷамъбастӣ ва интихобии Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон баргузор гардид, ки дар он  Тоиров Сабриддин бори дигар роҳбари ташкилот интихоб гардид.   Номзадии роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон аз ҷониби аъзоёни Раёсати ташкилот, аъзоёни фаъол ва тоҷикони муқимӣ бо дар назардошти фаъолияти пурсамар, ташкили чорабиниҳои гуногун, муносибати хуб бо халқҳои иқомати Ҷумҳурии Тотористон ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон бори дуюм пешбарӣ гардид.  Дар маросими интихоби роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон Сармушовири калони идораи татбиқи сиёсати миллии департаменти Раиси Ҷумҳурии Тотористон оид ба масоили сиёсати дохилӣ Иванова  Марина Анатольевна  ва    Роҳбари кумитаи иҷроияи Ассамблеяи халқҳои Тотористон Яковлев Константин Геннадиевич иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Инчунин, дар ҷаласаи мазкур Ҷонбеков Миралӣ  ба ҳайси муовини роҳбари ташкилот аз ҷониби Раёсат ва аъзоёни ташкилот пешбарӣ гардида, ҳозирин номзадии ӯро ҷонибдорӣ намуданд. 

Тоиров Сабриддин роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон дар чор соли фаъолияти корӣ  чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, илмию адабӣ, варзишию фарҳангӣ  доир намуда, бо доираи васеи тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст.