Сафари кории Cафири Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тотористон
8 феврали соли 2024 Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафари мазкур Роҳбари намояндагии дипломатӣ дар бинои Қасри дӯстии халқҳои Тотористон бо Роҳбари кумитаи иҷроияи Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Тотористон Константин Яковлев вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои сулҳу салоҳи миллӣ дар минтақа, таҳкими муносибатҳои фарҳангии дуҷониба баррасӣ шуд. Ҷониби Тотористон миннатдории худро ба ҷамъияти миллию фарҳангии тоҷикон барои фаъол буданашон дар доираи фаъолияти Ассамблеяи халқҳо изҳор намуд.
Инчунин, Cафир бо роҳбарони диаспораи тоҷикон, созмонҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯён ва фаъолон вохӯрӣ карда, роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, Cафири Тоҷикистон дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид намуда, аз ҳамватанони муқими Россия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, риояи қонунҳо ва қоидаҳои будубош дар кишвари иқомат даъват ба амал овард.