Сафари кории Сафири Тоҷикистон ба вилояти Новосибирск
25-27 сентябри соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Новосибирски Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафари кории худ Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Новосибирск Андрей Травников мулоқот кард. Ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Федератсияи Россия дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд. Аз ҷумла, ба масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҳам дар минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳам дар вилояти Новосибирск таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ғайр аз ин, ба мақсади табодули таҷриба миёни табибони минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск, масоили марбут ба ташкили таҷрибаомӯзӣ ва семинарҳо барои кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла дорусозон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин ҳамсуҳбатон ба мавзӯи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар Новосибирск тамаркуз карданд.
Дар зимн, ҷонибҳо перомуни имконияти бастани созишномаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск ибрози назар намуданд.
Зимни мулоқот Д. Гулмаҳмадзода Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Наҷмиддин Имомзодаро ба Губернатори вилоят расман муаррифӣ кард.
Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот ҳайати намояндагони вилояти Новосибирскро барои ширкат дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2023”, ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, даъват намуд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки мулоқоти баргузоршуда баҳри рушди ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Худи ҳамон рӯз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси шаҳр Анатолий Локот мулоқот анҷом дод. Зимни суҳбат масъалаи таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши гардиши мол миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мусоҳибон ҳамчунин доир ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ ибрози назар карданд.
А.Локот ба диаспораи тоҷикон барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда гузоштанашон дар ҳаёти ҷамъиятию мадании шаҳр миннатдорӣ баён намуд.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон Анатлоий Локотро барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2023” даъват кард.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Д.Гулмаҳмадзода дар доираи сафари кориаш ба вилояти Новосибирск аз Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск дидан карда, бо Ректори он Евгений Рудой инчунин, донишҷӯёни тоҷик мулоқот баргузор намуд. Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон перомуни масъалаи омода кардани мутахасиссони баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ ибрози андеша намуда, дар зимн, аз усулҳои муосири таълим дар Донишгоҳ ва шароити муҳайёшуда барои донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ кард.
Д.Гулмаҳмадзода ва Е.Рӯдой ҳамчунин ба масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат бо донишҷӯён нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод. Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Дар ин замина Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон зикр намуд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.
Инчунин дар рафти суҳбат ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон истифода баранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ саволу ҷавоб доир гардид, ки дар рафти он донишҷӯён ба пурсишҳои худ посух гирифтанд.