Шаҳрвандон аз маркази нигоҳдорӣ ба Ватан баргардонида мешаванд
Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 26 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ то инҷониб дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии РВКД вилояти Владимир қарор доштанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.
Дар ин самт, санаи 26 сентябри соли 2023 вохӯрии Намояндагӣ бо роҳбари Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии РВКД вилояти Владимир, подполковники политсия Новиков Михаил Василевич ва судиҷрочии Хадамоти федералии приставҳои судии вилояти Владимир Шестопалова Елена Эдуардовна баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки санаи 20.03.2023 нисбати саҳомони ширкати СИ “Саломонов О” парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва нопардохти андоз оғоз гардида буд.
Ширкати мазкур, ки дар он то 2000 коргарони маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба корҳои чорводорӣ, сохтмон, гармхона, моҳипарварӣ, мурғпарварӣ, ҳасиббарорӣ ва ғайра машғул буданд, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти муҳоҷирон ва қайди муҳоҷиратиро қалбакӣ намудааст.
Вобаста ба ин, шаҳрвандони хориҷие, ки дар корхонаҳои ширкати мазкур фаъолият мекарданд, аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ҳамчун “шоҳид” дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешуданд.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, бо мусоидати Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии РВКД вилояти Владимир, Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии РВКД вилояти Владимир ва Хадамоти федералии приставҳои судии вилояти Владимир муҳлати интиқоли муҳоҷирони тоҷик ба ватан тезонида шуда, қисми аввали онҳо иборат аз 9 нафар санаи 26.09.2023 ва қисмати дуюм иборат аз 17 нафар санаи 28.09.2023 ба ватан интиқол дода мешаванд.