Шарҳи нуқтаҳои муҳими паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Главная \ Шарҳи нуқтаҳои муҳими паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
← Предыдущая Следующая →
6 январи соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари иқомат таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот роҳбари намояндагии дипломатӣ доир ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 зимни ироаи паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии паёми сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ дод.
Д. Гулмаҳмадзода  зимни суханронии хеш иброз дошт, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ шуда, дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар барои солҳои минбаъда муайян гардиданд.
Бо тазаккур аз  нуктаҳои асосии паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки ҳамаи  дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ  маҳз ба шарофати  заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон  ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба даст омадааст.
Инчунин, сафир доир ба вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, эълон гардидани солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, инчунин мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ бо таъкид ба суханҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба идома додани корҳои  созандагию бунёдкорӣ то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистонро мебояд бо азму иродаи қавӣ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд.
Дар идомаи суханронӣ Сафири Тоҷикистон дар Россия бо истифода аз фурсат ба таваҷҷуҳи донишҷуён иброз дошт, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии вижа аст ва ба онҳо маслиҳат дод, ки аз шароити дар донишгоҳҳо барояшон фароҳамшуда бамаврид истифода баранд.
Дар анҷоми мулоқот роҳбари намояндагии дипломатӣ ба донишҷӯён тавсия дод, ки вақти холии худро ҳарчӣ бештар ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.