Сӯхтор дар ноҳияи Одинсова

Главная \ Сӯхтор дар ноҳияи Одинсова
← Предыдущая Следующая →

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  иттилоъ медиҳад, ки шаби 15 январи соли 2024  дар бинои сеошёна дар посёлкаи Трубачевкаи кӯчаи Дӯстии халқҳои ноҳияи Одинсоваи вилояти Москва  сӯхтор рух додааст.

Дар сӯхтори мазкур  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари ҷисмонӣ надидаанд.

 Мавриди зикр аст як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадов Сиёвуш Нурхонович, соли таввалудаш 1993 зодаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сӯхтор далериву ҷасорат нишон дода, одамони дар хавфи сухторбударо наҷот дода,  ҳангоми наҷоти одамон аз бинои истиқоматӣ афтида, аз сутунмуҳрааш ҷароҳати вазбин бардоштааст.

Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ҳодисаи сӯхтор миёни зодагони Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Хадамоти консулии Сафорат  ҷиҳати расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба шаҳрванди осебдида,  дар тамоси доимӣ буда, масъалаи барқарор намудани ҳуҷҷатҳояшро изҳори омодагӣ намуданд.

 Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  қарор дорад.