Таҷлили ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Москва

Главная \ Таҷлили ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Москва
← Предыдущая Следующая →
9 сентябри соли 2024 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор намуд.

Дар маросим аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти давлатии Федератсияи Россия, инчунин сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи маҳалӣ, донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватанони муқими Россия ҳузур доштанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федерастияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва ҳамкории кишвари мо бо давлатҳои дигар, алалхусус бо Федератсияи Россия ва ташкилотҳои байналмилалӣ суханронӣ намуд.

Дар назди ҳозирин, инчунин аз номи Федератсияи Россия муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Руденко суханронӣ кард. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.

Чорабиниро барномаи фарҳанги, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид.

Зимни чорабинӣ дар саҳни толори меҳмонхона намоишгоҳи молу маҳсулоти саноати, меваҳои тару тоза, хушкмеваҳо, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанӣ, чакандӯзӣ, либосҳои миллӣ Тоҷикистон ташкил гардида, инчунин маводҳои иттилоотии сайёҳии кишвар, мусаввараҳои рассомони тоҷик ва дигар ашъёҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳамчунин, ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар биноҳои баладошёнаи шаҳри Москва ва фурудгоҳҳои он ба тарзи видеоролик парчами Тоҷикистон парафшон гардид.