Таҷлили пуршукӯҳи 1035-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Москва

Главная \ Таҷлили пуршукӯҳи 1035-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Москва
← Предыдущая Следующая →
10 октябри соли 2024 дар шаҳри Москва бахшида ба 1035-солагии «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва доир шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти дахлдори Россия, доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин тоҷикони муқими Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии ифтитоҳии худ қайд намуд, ки дар Тоҷикистон пиру барно бо «Шоҳнома»-и сухансарои камназир Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки арзиши таърихӣ, забонӣ, ҷуғрофӣ ва зебоишиносӣ дорад, шинос ҳастанд ва аксари хонаводаҳо фарзандони худро бар пояи қаҳрамонони ин асар номгузорӣ мекунанд. Инчунин сафир мақом ва манзалати бузурги “Шоҳнома”-ро барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ таъкид намуд. Ёдовар шуд, ки Абулқосим Фирдавсӣ маъруфтарин сухансарои ҳамаи давру замонҳо буда, номи ӯ натанҳо дар таърихи адабиёти тоҷику форс, балки дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ ҷовидон боқӣ мемонад.

Дар назди ҳозирин, инчунин ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Ирина Краева суханронӣ кард. И. Краева бо ифтихор дар бораи Маркази забони тоҷикӣ ва фарҳанг, ки дар Донишгоҳ аз соли 2013 фаъолият дорад, гуфта гузашт. Муҳимияти омӯзиши забон ва фарҳанги давлатҳои дӯст ва бародарро, ки шарикии стратегӣ доранд, зикр намуд.

Донишҷӯёни макотиби олии Россия, ки забони тоҷикиро бо шавқу рағбати зиёд аз худ мекунанд, аз эҷодиёти шоир намунаҳои беҳтаринро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва ашъори беҳамтои “Шоҳнома” ба ҳозирин маълумот доданд. Ҳамчунин ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз саҳнаи театрикунонидашудаи достони «Рустам ва Сухроб» аз ашъори пурмазмуни Абулқосим Фирдавсӣ ва рақсҳои мавзуну дилнишин пешкаш гардиданд.

Дар доираи баргузории чорабинии мазкур либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва аксҳои манзараҳои зебои кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ба намоиш гузошта шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба меҳмонон филми ҳунарии коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров “Рустам ва Суҳроб” намоиш дода шуд, ки он ба меҳмонон таассуроти рангин ва хотирмон бахшид. Дар охир ба меҳмонон маҷмӯаи филмҳои беҳтарини “Тоҷикфилм” тӯҳфа гардид, ки хурсандии меҳмононро дучанд намуд.

Чорабинӣ дар фазои гарму дӯстона доир шуд. Меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик ошноии бештар пайдо карданд.