ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ САМАРА
Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новокуйбишевски вилояти Самараи Федератсияи Россия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, намояндагони вазорату идораҳои шаҳр, мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони халқҳои шаҳри мазкур иштирок намуданд.
Ҳамзамон, зимни баргузории чорабинии тантанавӣ муовини раиси шаҳри Новокуйбишевск Репин Александр Владимирович, роҳбари департаменти амниятӣ Зеленкин Олег Геннадьевич, роҳбари Думаи шаҳр Ферапонтов Юрий Анатольевич иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамватанони моро ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Самара баргузор карда шуда, дар он инчунин роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилояти Самара иштирок намуданд.