Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва

Главная \ Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва
← Предыдущая Следующая →

16 ноябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия чорабинӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки кормандони Сафорат баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикӣ аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, инчунин нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар таъкид кард.