Таҷлили Соли нав дар гурӯҳи забони  тоҷикӣ дар Хонаи дӯстии халқҳо

Главная \ Таҷлили Соли нав дар гурӯҳи забони  тоҷикӣ дар Хонаи дӯстии халқҳо
← Предыдущая Следующая →

Дар арафаи ҷашни Соли нав, имруз дар Хонаи дӯстии халқҳои ш.Қазон бо ташаббуси Раёсати мактаби якшанбегӣ, аз ҷониби Анҷумани халқҳои Ҷумҳурии Тотористон   бо ҷамъбасти нимсолаи аввали хониш,  барои хонандагони гурӯҳи забони тоҷикӣ ҳадяҳои солинавӣ супорида шуд. Дар зимни он бачаҳо шеъру сурудҳои ҳифз намудани худро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хонданд, ҳамчунин сӯҳбат оид ба барномаҳои дарсҳои забони тоҷикӣ низ гузаронида шуд.   
Бояд зикр гардад, ки ин ташаббусро Ҷамъияти тоҷикони Тотористон дастгирӣ намуда ва минбаъд барои боз ҳам бештар ташвиқ намудани бачаҳо ба омӯзиши забони тоҷикӣ мусоидат менамоянд.