Тақвияти ҳамкориҳои Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилояти Волгоград

Главная \ Тақвияти ҳамкориҳои Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилояти Волгоград
← Предыдущая Следующая →

Котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Федератсияи Россия ба мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд бо роҳбарону аъзои фаъоли созмонҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия бо роҳбари Иттиҳодияи тоҷикони вилояти Волгоград Азамҷонов Акрам Аҳтамҷонович мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масоили мутобиқшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат, риоя кардани қоидаҳои тартиби будубоши шаҳрвандон дар асоси қонунҳои ҷории кишвари қабулкунанда, баргузор намудани чорабиниҳои маданиву фарҳангӣ ва варзишӣ, ҷихати муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллӣ, тақвият бахшидани кори созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамкории муштарак бо Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон бо ташаббуси Иттиҳодияи тоҷикони вилояти Волгоград вохӯрии Котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо роҳбари Хонаи дӯстии халқҳо дар шаҳри Волгоград Фарниев Казбек Григоревич, Роҳбари Шӯрои калонсолони вилоят Дауров Арсен, роҳбарони диаспораҳои қавму миллатҳои гуногун дар вилояти Волгоград, аз ҷумла, ташкилоти ҷамъиятӣ – минтақавӣ ва милливу фарҳангии қазоқҳо Ахметов Айбулат, ташкилоти ҷамъиятӣ - минтақавии "Ингушетия" Мержоев Герихан, ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи корегияҳои Волгоград Пак Андрей Феликсович,  ташкилоти ҷамъиятии Автономияи милливу фарҳангии афғонҳои Волгоград Абдул Манан Шер Алӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ - вилоятии Волгоград “Узбекская диаспора” Юсупов Рашид ва дигар ташкилотҳои миллию фарҳангии халқҳои вилояти Волгоград баргузор шуд.

Зимни  вохурӣ масъалаҳои ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар минтақа, баргузории чорабиниҳои муштарак, тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Роҳбари  Хонаи дӯстии халқҳо дар шаҳри Волгоград Фарниев Казбек Григоревич аз фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони вилояти Волгоград изҳори қаноатмандӣ намуда, барои иштироки тоҷикони муқими вилояти Волгоград дар чорабиниҳои ҷамъиятиву маданӣ ва фарҳангӣ арзи сипос кард.