ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО ТАШКИЛОТҲОИ КИШВАРИ ИҚОМАТ

Главная \ ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО ТАШКИЛОТҲОИ КИШВАРИ ИҚОМАТ
← Предыдущая Следующая →

Санаи 15 декабри соли 2023, дар Донишгоҳи иқтисоди Россия ба номи Плеханова ҷаласаи муштараки Шӯрои Палатаи қонунгузорони ҷавони назди Шӯрои федералии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи муштарак Консули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шафозода Искандар Бахшибек, вакили Думаи Давлатӣ дар вилояти Москва, муовини раиси Палатаи қонунгузорони ҷавон дар назди Шӯрои федералии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Закиров Лев Константинович, вакили Думаи Давлатӣ аз шаҳри Иванова  Геворгян Алберт Ашотович, вакили Думаи Давлатӣ аз вилояти Твер Моняков Александр Сергеевич, котиби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Боев Саид Муллоевич, аъзоёни  Котибот ва  Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин роҳбарони 35 ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур, маҷмуи масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баррасӣ гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкории Палатаи қонунгузорони ҷавон бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия тақвият бахшида шавад.

Дар доираи ҷаласаи мазкур масъалаҳои адабтатсия ва интегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар масъалаҳои қонунгузории кишвари иқомат, ҷалби ҷавонони фаъол ва аъзоёни ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони вилоятҳои Федератсияи Россия дар чорабиниҳои муштарак ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷом роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия вобаста ба масъалаҳои ҳамкории муштарак фикру назари худро баён намуданд.