Тотористон: Ватан—ягонаву муқаддас!

Главная \ Тотористон: Ватан—ягонаву муқаддас!
← Предыдущая Следующая →

Ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Ватан—ягонаву муқаддас!”-ро эълон менамояд. 

Шарти озмун аз он иборат аст, ки шеър ё суруди дӯстдоштаи худро дар васфи Ватан қироат намуда, навори онро ба ҳайати тадорукотии озмун  фиристед. 

Доираи синну сол дар  озмун аз синни 4 то 16 сола буда, хоҳишмандон  аз гӯшаву канори Ҷумҳурии Тотористон метавонанд иштирок намоянд.  


Ғолибон дар арафаи иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳои зерин сарфароз мегарданд: 

🥇Барои ҷойи якум — 3000 рубли русӣ
🥈Барои ҷойи дуввум —2000 рубли русӣ
🥉Барои ҷойи сеюм — 1000 рубли русӣ

Наворҳои худро тавассути вотсап бо  рақамҳои зер ирсол намоед: 
+79600516297