Сафири Тоҷикистон дар Россия бо донишҷӯёни тоҷик ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат мулоқот намуд

Главная \ Тест \ Сафири Тоҷикистон дар Россия бо донишҷӯёни тоҷик ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Россия бо донишҷӯёни тоҷик ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ бо донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии кишвари иқомат ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии табрикотӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши бузурги забони тоҷикӣ дар низоми давлатдорӣ, пешрафти илму маърифат ва фарҳангу ҳунар ҷалб намуд. Дар ин раванд саҳми арзандаи шоирони классик ва файласуфону олимони тоҷик, ки маҳз тавассути онҳо рушду пойдории забони тоҷикӣ барои наслҳои минбаъда таъмин гардид, зикр карда шуд.

Махсусан таъкид гардид, ки нақши муҳим ва мақоми воқеан давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар таърихи навини тоҷикон бевосита аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад.

11