Эълони озмуни  беҳтарин мақола роҷеъ ба дастовардҳои пурарзиши даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон

Главная \ Эълонҳо \ Эълони озмуни  беҳтарин мақола роҷеъ ба дастовардҳои пурарзиши даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон

Ба мақсади ташвиқу тарғиб ва муаррифии дастовардҳои кишварамон, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи рӯзноманигорӣ, Гурӯҳи корӣ оид ба робита бо ВАО-и Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин мақола роҷеъ ба дастовардҳои пурарзиши даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар байни  ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россияро эълон намояд.  Барои ширкат дар озмуни мазкур довталабро зарур аст, ки дар мавзӯи аҳаммияти таърихии ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба забони русӣ дар ҳаҷми 2-3 саҳифаи компютерӣ бо ҳуруфи “Times New Roman” (андозаи 14 дар шакли Ворд) бо нишон додани ному насаб, ҷойи кор, суроға ва рақами телефон таҳия карда, ба консулгарии  генералии Тоҷикистон, ки ба минтақаи иқоматаш масъул аст, то 31 августи соли ҷорӣ пешниҳод намояд. Муаллифро ҳамчунин зарур аст, ки нусхаи маводи навиштаашро  ба почтаҳои электронии pressa@tajembassy.ru ва tojikon.pressa@list.ru ирсол намояд.
 Синну соли иштирокдорони озмун маҳдудият надорад. Мақолаҳои беҳтарин дар сомонаи расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Сафорат, Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат, инчунин дигар расонаҳои иттилоотӣ ба чоп расонида хоҳанд шуд. Муаллифони мақолаҳои беҳтарин  бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.