Машварат ва тавсияҳои ҳуқуқии ройгон барои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Главная \ Эълонҳо \ Машварат ва тавсияҳои ҳуқуқии ройгон барои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади мусоидат ба ҳали мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия  аз 25 ноябри соли 2023 қабули шаҳрвандон барои расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад. 

Қабули шаҳрвандон ҳар рӯзи шанбе аз соати 10:00 то 15:00 дар кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская хонаи 40/3, утоқи 302 ба роҳ монда мешаванд. 


Суроға:  шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская хонаи 40/3, утоқи 302, метро Маяковская (баромадгоҳи 1) 

Телефон: +79264626201
+79162751667
+79164590404
+79264503947