РАҚОБАТИ ДОНИШҶӮНИ ТОҶИК БАРОИ ДАРЁФТИ УНВОНИ “ДОНИШҶӮИ СОЛ -2023” ДАР РОССИЯ
Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо дастгирӣ ва сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия миёни донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди Федератсияи Россия “Донишҷӯи сол – 2023”- ро эълон менамояд.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур дарёфти чеҳраҳои нави ҷавони лаёқатманди тоҷик дар кишвари иқомат, муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, муттаҳид намудани ҷавонон дар хориҷи кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаҳои гуногун дар миёни донишҷӯён мебошад.
Дар озмуни мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди Федератсияи Россия дар гуруҳи рӯзона таҳсил мекунанд, иштирок карда метавонанд. Донишҷӯёне, ки дар соли аввал таҳсил менамоянд бо дарназардошти ҷамъбаст нагардидани соли аввали таҳсил имконияти иштирок карданро надоранд. Аз як донишгоҳ метавонанд чанд нафар номзадии худро пешбарӣ намояд.
Донишҷӯёни тоҷик то санаи 30 декабри соли 2023, соати 18:00 тавассути линки мазкур метавонанд номзадии худро пешбарӣ намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳои иловагиро тариқи суроғаи электронии дар зер овардашуда ирсол намоянд.
https://forms.gle/AEsoRjnijQXBNhER8
Суроғаи электронӣ: tojikon.pressa@list.ru
Телефон барои тамос: +79264626201