Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия бахшида ба Соли Нави Мелодӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъияти фарҳангии миллии “Сомониён” чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он ҷавонони фаъоли шаҳр, донишҷӯён ва аъзои дастаи футболи хӯрди “TAJNSK” иштирок намуданд.
Фарҳанг
Главная \ Фарҳанг
Чорабинии идонаи тоҷикон дар шаҳри Москва
Бо ташаббуси тоҷикони шаҳри Москва, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба Соли Нави Мелодӣ чорабинии адабиву фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он бозиҳои гуногун баҳри истироҳат ва фароғати кӯдакону наврасон, рақсу таронаҳои дилнишин аз ҷонибюи устодони санъати миллати тоҷик ба намоиш гузошта шуд.
ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА
Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби занону бонувони тоҷики муқими шаҳри Москва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи рангинӣ фарҳангӣ ташкил карда шуда, дар он оид ба дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу давлатӣ ва тарбия намудани насли ҷавони кишвар дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Пекин дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ иштирок ва суханронӣ намуданд
22 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин ташриф оварданд.