Чорабинии тантанавӣ дар шаҳри Москва ба ифтихори ҷашни Наврӯз
19 марти соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷашни хуҷастаи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки меҳмонон, ҳамватанони бурунмарзӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё, доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим ва донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар суханронии худ ҳозиринро ба муносибати Иди байналмиллалии Наврӯзи аҷам табрику муборакбод намуда, доир ба таърих ва фазилатҳои Наврӯзи оламафрӯз ибрози андеша намуд.
Дар чорабинӣ дастархони тоҷикӣ бо “Ҳафтсину Ҳафтшин”, таомҳо ва шириниҳои тоҷикӣ орододашуд. Инчунин китобҳо дар бораи Тоҷикистон, намуна аз либосҳои гулдӯзӣ, чакан ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар доираи чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид.