ДАР ҚАЗОН ҶАВОНОН БАРНОМАИ РАНГИН БА НАМОИШ ГУЗОШТАНД
Ҷавонони фаъоли шаҳри Қазони Федератсияи Россия бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон бахшида ба Соли Нави Мелодӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор намуданд.
Дар чорабинии фарҳангӣ барномаи рангини адабӣ, рақсу таронаҳои дилнишин ба марази тамошо гузошта шуд.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони Тотористон Тоиров Сабриддин ҷавонону донишҷӯёнро ба ифтихори Соли Нави Мелодӣ самимона табрик намуда, аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ибрози назар намуд.
Дар ҷамъбасти соли 2023 аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон ба як қатор ҷавонони фаъол, ки дар соли ҷорӣ дар баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву адабӣ иштироки фаъолона намуда, миллати тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд, бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.