ДАР НОВОСИБИРСК ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия бахшида ба Соли Нави Мелодӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъияти фарҳангии миллии “Сомониён” чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он ҷавонони фаъоли шаҳр, донишҷӯён ва аъзои дастаи футболи хӯрди “TAJNSK” иштирок намуданд.
Нахуст, роҳбари Ташкилоти ҷамъияти фарҳангии миллии “Сомониён” Каримов Минҳоҷиддин зимни суханронии худ оид ба дастовардҳо дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024 суханронӣ намуда, иброз намуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии миллии “Сомониён” бо мақсади ташкил ва ба роҳ мондани чорабиниҳои гуногун дар ин минтақаи Федератсияи Россия тамоми имкониятҳоро истифода намуда, ҷашнҳои милливу давлатӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланду зарурӣ роҳандозӣ менамояд.
Чорабинии идона дар сатҳи баланду зарурӣ баргузор гардида, барномаи рангини фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд.