Тақдими Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини раиси Шӯрои байниҳукуматии ИДМ
Главная \ Тақдими Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини раиси Шӯрои байниҳукуматии ИДМ
Дата публикации: 18.01.2023
18 январи соли ҷорӣ дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Россия маросими тантанавии супоридани мукофоти давлатӣ-Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 декабри соли 2022 барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини раиси Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои тухмипарварӣ Кузмин Иван Иванович тақдим гардидааст, баргузор карда шуд.
Ифтихорномаи мазкур аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзода ба И. Кузмин тақдим гардид.