Ҳоҷимурод Қаландаров бар ивази ҷонаш кӯдакро наҷот дод

Главная \ Ифтихори мо \ Ҳоҷимурод Қаландаров бар ивази ҷонаш кӯдакро наҷот дод

Қаҳрамонии Ҳоҷимурод Қаландарови 18-сола, ки бо фоҷиа анҷом ёфт, аз як ҷиҳат ифтихорафзо ва аз ҷиҳати дигар ғамангез буд. Ӯ бар қимати умри ҷавонаш ҷони кӯдаке, ки дар дарё ғарқ мешуд, наҷот медиҳад.       

Ҳангоми истироҳати зодагони Тоҷикистон дар соҳили дарёи Белая Ҳоҷимурод мебинад, ки кӯдаке ғарқ шуда истодааст ва худро ба об андохта, кӯдакро наҷот медиҳад. Вай кӯдакро ба соҳил тела дода, аз марг мераҳонад, вале гирдоб ӯро ба комаш фурӯ мекашад. 

Корнамоии Ҳоҷимурод аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Бошқирдистон баъди маргаш бо медали Шуҷоат қадр мешавад.  Волидони Ҳоҷимурод Қаландаров мегуфтанд, ки аз маргаш ғамгинанд, вале аз рафтораш ҳамеша ифтихор хоҳанд кард. 
Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод, амали писарашро ҷавонмардона медонад. Бешак, корнамоии тоҷикписар намунаи барҷастаи инсонгароӣ дониста мешавад.