Ҷавонмардии Манучеҳр дар шаҳри Екатеренбург

Главная \ Ифтихори мо \ Ҷавонмардии Манучеҳр дар шаҳри Екатеренбург

 Манучеҳр Расулов, як шаҳрванди Тоҷикистон, дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия зану кӯдакеро аз коми оташ наҷот дод. 
Ба навиштаи расонаҳо, сӯхтор санаи 1 август дар ошёнаи 25-уми маҷмааи манзилҳои «Светлый» ба амал омадааст. Дар ҳамин ҳол, Манучеҳр баъд аз шунидани фарёди зане, ки бо тифли навзодаш дар миёни оташ монда буд, ба ёрӣ мешитобад. Ӯ, қабл аз омадани оташнишонон, дари хонаро бо болға шикаста, модару кӯдакро наҷот медиҳад. 
Сомонаи «Екатеринбург. Новости» таъкид дошта, ки амалу рафтори ин мард имкон дод, ки то омадани оташнишонон одамон наҷот ёбанд ва сӯхтор дар фурсати кӯтоҳтарин хомӯш карда шавад.
Манучеҳр Расуловро барои ин корнамоӣ ва сари вақт расидан ба кумаки одамон қадрдонӣ кардаанд.
Бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷони худро дар хатар гузошта, барои наҷоти одамон корнамоӣ нишон медиҳанд. Бархе, ҳатто, дар чунин ҳодисаҳо ҷони худро аз даст додаанд. Ҳоло мо доир ба чанд корнамоии ҳамватанони худ дар Федератсияи Россия нақл мекунем, ки воқеан, ифтихорафзо ва намунаи барҷастаи инсонгароӣ мебошад.