ИФТИХОРИ МО: ЮНУС ДАР ТОТОРИСТОН НАҚШОФАРӢ МЕНАМОЯД

Главная \ Ифтихори мо \ ИФТИХОРИ МО: ЮНУС ДАР ТОТОРИСТОН НАҚШОФАРӢ МЕНАМОЯД

Юнус Тоиров соли 2013 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия дар оилаи тоҷик таваллуд шудааст.  Юнус аслан ҳунарманди кино ва театр буда, дар намоишҳои театрӣ ва филмҳо нақшофарӣ менамояд.

Ин навраси тоҷик дар баробарӣ ҳунармандӣ  ба варзиш низ майлу рағбати зиёд дошта,  аз рӯи намуди варзиши  каратэ, шиноварӣ, ва шоҳмотбозӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва федералӣ иштирок намуда, созавори ҷойҳои намоён гардидааст.

Ин навраси тоҷики муқими шаҳри Қазон дар бисёр озмунҳо ва маҳфилҳои адабӣ иштирок намуда,  маркази актёрии "СтамГК"-ро хатм кардааст. 

Юнус дар соҳои  2022 - 2023 дар фестивал-озмуни  телевизионии "Созвездие-  Йолдызлык" ки дар байни наврасону ҷавонони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия баргузор гардида буд аз рӯи  номинатсияи «Конферанс»   ҷои дуюмро ишғол намудааст.

Дар соли 2023 Юнус дар филми «Бери да помни» нақши марказӣ ҳунарнамоӣ намудааст. Филми мазкур дар фестивалу ҷашнвораҳои дохилирусиягӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.

 Ин навраси тоҷиктабор ҳоло яке аз чеҳраҳои ошно ва муваффақ дар Ҷумҳурии Тотористон ба ҳисоб меравад.