Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия як қатор навгониҳо ворид карда шуданд, аз ҷумла:
Аз 26 октябри соли 2023 тағйирот ба Қонуни федералӣ аз 18 июни соли 2006, таҳти № 109 - ФЗ "Дар бораи номнавишти муҳоҷиратии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия " (Қонуни федералӣ аз 28 апрели соли 2023, №156-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 20 ва 22 Қонуни федералӣ “Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия”) ба иҷро даромад.
Кумаки ҳуқуқӣ
Шакли огоҳинома дар сомонаи расмии "Интернет-портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ" ("Официальный интернет-портал правовой информации") дар истиноди мазкур ҷойгир карда шудааст:
http://publication.pravo.gov.ru/document/0001202310030020?index=2
Маслиҳат дода мешавад, ки муҳоҷири меҳнатӣ дар ҳолатҳои зарурӣ дар Федератсияи Россия барои мусоидат ба Сафорат, консулгариҳои генералӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намояд.
Дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ баъди воридшавӣ ба қаламрави Россия, ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент ба мақомоти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия бояд пешниҳод карда шаванд.
Агар шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд, ки дар Россия кор кунанд, онҳо метавонанд онро ба таври расмӣ дар асоси ПАТЕНТ – ҳуҷҷате, ки аз соли 2015 кор карданро барои шахсони воқеӣ ва ҳам ҳуқуқӣ ба таври қонунӣ иҷозат медиҳад, анҷом диҳанд.