Ба кор даромадани Шумо. Дар куҷо ва дар назди кӣ бояд кор кард?

Главная \ Кӯмаки ҳуқуқӣ \ Ба кор даромадани Шумо. Дар куҷо ва дар назди кӣ бояд кор кард?

Агар мақсади Шумо машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ бошад, он гоҳ Шумо бояд патентро дастрас намоед. Патент ба Шумо имконият медиҳад, ки дар назди шахси юридикӣ ё инфиродӣ фаъолияти корӣ намоед. Патентро Шумо метавонед дар ҳудуди Федератсияи Россия дар мақомоти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дастрас намоед.

Дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ баъди воридшавӣ ба қаламрави Россия, ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент ба мақомоти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия бояд пешниҳод карда шаванд.

Барои муайян намудани сатҳи дониши забони русӣ, таърихи Федератсияи Россия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, Шумо метавонед санҷишро дар қаламрави Федератсияи Россия ё дар марказҳои аккредитатсияшудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, аз ҷумла, Филиали Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе ва филиали Донишкадаи энергетикии ш. Москва дар ш. Душанбе гузаред.

Шумо танҳо дар ҳудуди он субъектҳои Федератсияи Россия фаъолият кардан метавонед, ки дар ҳудудашон ба Шумо патент дода шудааст.