Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Главная \ Кӯмаки ҳуқуқӣ \ Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, расонида мешавад, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия як қатор навгониҳо ворид карда шуданд, аз ҷумла:

Аз 26 октябри соли 2023 тағйирот ба Қонуни федералӣ аз 18 июни соли 2006, таҳти № 109 - ФЗ "Дар бораи номнавишти муҳоҷиратии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия " (Қонуни федералӣ аз 28 апрели соли 2023, №156-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 20 ва 22 Қонуни федералӣ “Дар бораи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия”) ба иҷро даромад.

Тағйиротҳои мазкур имкон медиҳанд, ки дар сурати бастани шартномаи иҷораи манзил байни шаҳрванди хориҷӣ ва тарафи қабулкунанда, шаҳрванди хориҷӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 20 қонуни мазкур ба мақомоти бақайдгирии муҳоҷиратӣ шахсан ташриф оварад ё дар шакли электронӣ дар портали “Госуслуги” оид ба қарор доштанаш дар маҳалли истиқомат огоҳинома пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат ба огоҳинома дар бораи қарор доштани шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои истиқомат нусхаи шартномаи иҷораи манзил замима карда мешавад.

Дар манзили иқоматӣ қарор доштани шаҳрванди хориҷиро соҳибхона бояд дар утоқи шахсиаш дар портали “Госуслуги” тасдиқ намояд.

Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 21.10.2023, №1756 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 15 январи соли 2007, № 9”, имкон медиҳад, ки шаҳрванди хориҷӣ худро дар қайди муҳоҷиратӣ ба муҳлати 1 сол дар асоси патенташ (ба муҳлати амали патент) гузорад.

Мутобиқи моддаи 32, банди “б” –и Қарор, ба қайди муҳоҷиратӣ гирифтани шаҳрванди хориҷии муваққатан дар Федератсияи Россия қарордошта, ки фаъолияти меҳнатиро дар асоси патент амалӣ менамояд, ба мӯҳлати 1 сол аз рӯзи додани патент ба чунин шаҳрванди хориҷӣ амалӣ карда мешавад.

Қарори мазкур аз 26.10.2023 эътибор пайдо намудааст.

Тавассути Қонуни федералии №316-ФЗ аз 10.07.2023 барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент дар ФР фаъолият мекунанд тағйирот ворид карда шуд:

Ҳамин тариқ шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми муроҷиат барои гирифтани патент дар сурати агар суғуртаи тиббиаш (ДМС) дар шакли электронӣ бошад, ҳуқуқ дорад танҳо маълумот дар бораи полиси суғуртаи тиббиро пешниҳод кунад.

Аз 7 январи соли 2024 шаҳрванди хориҷӣ дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент вазифадор аст, ки ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия, ки патент додааст, огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро (шартномаи меҳнатӣ) пешниҳод намояд (ирсол намояд).

Огоҳинома аз ҷумла дар сурати бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ - ҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ, ҳатто агар шартнома ба таври шифоҳӣ баста шуда бошад, бояд ирсол карда шавад.

Дар сурати дар давоми ду моҳ аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ пешниҳод накардани огоҳинома ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) патенти додашуда (бе огоҳӣ) бекор карда мешавад.

Пас аз бекор кардани патент, патенти навро шаҳрванди хориҷӣ танҳо пас аз 1 сол аз рӯзи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад.

Чунин огоҳинома бояд бо роҳи фиристодани ҳуҷҷати дахлдор дар шакли коғазӣ тавассути почта, ташрифи шахсӣ ба шуъбаи муҳоҷиратӣ ё ба таври электронӣ тавассути портали “Госуслуги”амалӣ карда шавад.

Мутобиқи тағйирот, огоҳиномаи мазкур пас аз гирифтани патент 1 маротиба пешниҳод мешавад ва дар сурати ивази ҷойи кор дигарбора пешниҳод намешавад.

Шакл ва тартиби пешниҳоди чунин огоҳинома бо фармони ВКД - и Россия аз 05.09.2023, №655 (https://base.garant.ru/blob/load?id=77100184. - шакли огоҳинома, намунаи пуркунӣ) муқаррар карда шудааст.

Мувофиқи банди 8 моддаи 13 Қонуни федеролӣ аз 25.07.2002 №115-ФЗ корфармо вазифадор аст, ки мақомоти муҳоҷирати ҳудудиро дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ ё қатъи он бо шаҳрванди хориҷӣ, огоҳ намояд. Чунин огоҳинома бояд бо роҳи фиристодани ҳуҷҷати дахлдор дар шакли коғазӣ ё электронӣ дар мӯҳлати на бештар аз се рӯзи корӣ аз рӯзи бастани шартномаи меҳнатӣ тибқи фармони ВКД-и Россия аз 10.01.2018, №11(https://www.consultant.ru/document/cons_doc_LAW_29538.. ) амалӣ карда шавад.

Аз 1 марти соли 2024 муқаррароти қонуни Федералии №316-ФЗ ба иҷро медарояд, ки мувофиқи он андозаи музди меҳнати (мукофоти) мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ, ки фаъолияти меҳнатиро бо корфармоёни рус амалӣ менамояд, оғоз аз семоҳаи якуми соли 2024 то 750 ҳазор рубл (дар се моҳ) зиёд карда шудааст. Қаблан ҳадди ақали музди меҳнат барои онҳо 167 ҳазор рублро дар як моҳ ташкил медод.

Аз 5 январи соли 2024 Қонуни федеролӣ 25 декабри соли 2023, №649-ФЗ "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Федератсияи Россия" ба иҷро даромад, ки имконияти иваз кардани ҷазои маъмуриро аз қаламрави Федератсияи Россия бо ҷазои дигар (ҷарима аз 40 то 50 ҳазор рубл ё корҳои ҳатмӣ аз 150 то 200 соат) пешбинӣ мекунад.

Инчунин Қонуни федеролии № 649-ФЗ ба кам кардани мӯҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷии хориҷшуда дар муассисаҳои махсус равона шудааст.

Инчунин, Қонуни федералии мазкур (№649-ФЗ) муҳлати нигаҳдории муҳоҷирони меҳнатиро, ки ҳукми ихроҷ аз Россия гирифтаанд ва дар боздоштгоҳҳо қарор доранд, кам мекунад.

Аз ҷумла, муҳлати ниҳоии дар муассисаҳои махсус нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳукми ихроҷ аз Федератсияи Россия гирифтаанд, 90 рӯз муқаррар карда шудааст ва метавонад бо ҳукми суд чанд маротиба ба 90 рӯзи дигар бо дархости судиҷрочӣ ё шахси ваколатдори ВКД тамдид карда шавад.

Аз 23 июни соли 2024 Қонуни федералии №648-ФЗ "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба санадҳои қонунгузории алоҳидаи Федератсияи Россия" эътибор пайдо мекунад, ки ба "Хадамоти шиносномавӣ-раводидӣ"-и ВКД-и Россия, инчунин ба ташкилоти ваколатдори шаҳри Москва хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират дар қисми қабули аризаҳои зарурӣ барои додани раводид, даъватномаҳо, иҷозатномаҳои истиқомати муваққатӣ (РВП), додани ё иваз кардани иҷозатномаҳои истиқомати доимӣ (ВНЖ), ҳуҷҷатҳо барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла аризаҳо дар бораи азнавбарқароркунии патентҳо, инчунин мусоидат дар аксбардории аризадиҳандагон ва гузаронидани бақайдгирии ҳатмии давлатии изи ангушт (гирифтани маълумоти дактилоскопӣ) дода мешавад.

Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғуланд, хоҳиш карда мешавад, ки талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати Россияро риоя намоянд.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (926) 311-52-53.