Бозгашт ба Ватан
Агар мақсади будубоши Шумо дар Россия дигар бошад (на таҳсил ва на кор), муҳлати будубоши Шумо наметавонад аз 90 рӯз (дар давоми 6 моҳ) бештар бошад.
То ба анҷом расидани 90 рӯз Шумо бояд сарҳади Россияро тарк намоед. Дар сурати риоя накардани қоидаи мазкур, Шумо барои вайронкунии қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ба Шумо хавфи хориҷ шудан (депортатсия) ба муҳлати аз 3 то 5 сол таҳдид мекунад.
Дар хотир дошта бошед:
Барои ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатии Федератсияи Россия, аз ҷумла, ҳангоми надоштани шиносномаи хориҷӣ, инчунин нисбати Шумо қабул гаштани маҳдудият ба ҳуқуқи воридшавӣ ба Федератсияи Россия, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Барои бақайдгирии қалбакӣ дар ҷойи зист ва ё бақайдгирии қалбакии баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Қасдан харидорӣ кардани ҳуҷҷатҳои қалбакии иҷозатдиҳӣ, ба ҷавобгарии ҷиноӣ оварда мерасонад (м. 327 Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия).
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ ва ё нофаҳмиҳо нисбат ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, Шумо метавонед ба Сафорату консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин муроҷиат намоед.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мегардад, ки қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россияро риоя кунед.