Вақте ба  Россия омадед, чӣ бояд кард?

Главная \ Кӯмаки ҳуқуқӣ \ Вақте ба  Россия омадед, чӣ бояд кард?

Дар дохили тайёра ё қатора ва ё дар нуқтаҳои гузариши сарҳадии Россия ба Шумо варақаи муҳоҷиратӣ дода мешавад. Он аз ду қисм иборат буда, бояд бо ҳуруфи лотинӣ ё бо забони русӣ пур карда шавад.

Дар баробари воридшавӣ ба қаламрави Россия, ба Шумо зарур аст, ки ба намояндагии Хадамоти сарҳадии Россия шиносномаи хориҷӣ ва варақаи муҳоҷиратии пурнамудаи худро пешниҳод намоед: як қисми варақаи муҳоҷиратиро пас аз қайд намудан  бо худ нигоҳ доред.

Як қисми варақаи муҳоҷиратиро Шумо бояд ҳамеша якҷоя бо шиносномаи хориҷӣ бо худ дошта бошед, он ба Шумо дар ҳудуди Россия то 90 рӯз (дар давоми 6 моҳ) ҳуқуқи будубош намуданро медиҳад. Дар мавриди гум кардани варақаи муҳоҷиратӣ, дар муддати 3 рӯз зарур аст, ки ба мақомоти ҳудудии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия барои гирифтани нусхаи дуюм (дубликат) муроҷиат намоед (ройгон).

Дар муддати 15 рӯз пас аз он, ки Шумо ба Россия ворид шудед, Шуморо зарур аст, ки худро дар қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ дароред.

Баҳисобгирии муҳоҷиратӣ ин огоҳ намудани Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба он аст, ки Шумо ба макони будубоши худ дар ҳудуди Россия ҳозир шудаед.

Барои ба қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ гузоштан, Шумо бояд нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва нусхаи варақаи муҳоҷиратиро ба ҷониби қабулкунанда (соҳибмулк, корфармо) пешниҳод намоед.

Оид ба тартиботи қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ бо диққат аз қабулкунанда пурсон шавед, зеро ҷониби қабулкунанда ҷавобгари он мебошад. Пас аз гузаштани баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, ҷониби қабулкунанда ба Шумо огоҳиномаи қисман ҷудошавандаро бо қайди ба ҳисоб гирифтани Шумо, бармегардонад.