БОЗДИД АЗ ШАРОИТИ КОРИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

Главная \ Муҳоҷирони меҳнатӣ \ БОЗДИД АЗ ШАРОИТИ КОРИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ
БОЗДИД АЗ ШАРОИТИ КОРИИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҷиҳати таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойҳои муносиби корӣ дар робитаи хамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор ва мусоидати роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон омӯзиш ва таҳлили вазъи бозори меҳнати кишвари иқоматро гузаронида, вохӯриҳои судмандро анҷом додааст.

Дар ин робита, бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ш.Екатеринбург, корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Урал дар якҷоягӣ бо узви Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Аҳлиддин Саидов аз корхонаи «Эко Культура» дидан намуданд.

Дар корхонаи мазкур зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буда, ба ҷудо намудан ва банду басти меваю сабзавот машғул мебошанд.
Ба иттилои роҳбарияти корхона, ба масъалаи дуруст будани ҳуҷҷатҳои буду боши кормандон, риояи талаботҳои Кодекси меҳнати ФР ҳангоми фаъолият, фароҳам овардани шароит ва фазои хуби корӣ барои кормандон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Зимни мулоқот бо ҳамватанон дар ин корхона, ки аксариятро занҳо ташкил медиҳанд, барои ташкили шароити хуби корӣ, пардохти саривақтии маош ва муносибати хайрхоҳонаи роҳбарияти корхона бо онҳо изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётов Салоҳиддин Собирҷонович, ки ба ҳайси бригадир дар ин корхона фаъолият дорад, дар масъалаи таъмини шаҳрвандонамон бо кори доимӣ дар ширкати «Эко Культура» саҳми арзанда дорад.